Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид

Сентябрь 16, 2024 19:00

ХОРУҒ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид. Ин мусобиқа ду рӯз давом карда, дар он беҳтарин варзишгарони ин намуд аз дастаҳои мунатахаби Бадахшон, Хатлон ва Душанбе бо ҳам рақобат карданд.

Сардовари мусобиқа Вафоназар Алиназаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «дар мусобиқа кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014 иштирок  намуданд. Ин синн барои тамрини таэквондо хеле мувофиқ аст, зеро дар ин риштаи варзиш дар баробари тарбияи умумии ҷисмонӣ, техникаи нафаскашӣ, ҳамчунин ба тарбияи ақлонию зеҳнии варзишгар аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ростгӯӣ, хушмуомилагӣ, сабурӣ, қатъият, идора кардани эҳсосот дар вақти зарурӣ қоидаҳои аслии таэквондо мебошанд, ки аз хурдсолӣ дар ниҳоди ҳар варзишгар парварида мешаванд. Таэквондо барои кӯдакону наврасон аз он ҷиҳат боз ҷолиб аст, ки бо тамринҳои пайваста бадани худро обу тоб дода, имконият пайдо мекунанд, ки дар дигар намудҳои варзиш низ ҳунару истеъдод ва маҳораташонро ба намоиш гузоранд».

Бори аввал дар ин мусобиқа аз усули VAR, ки онро ёвари довар низ ном мебаранд, истифода шуд. Агар варзишгар ҳангоми баҳогузорӣ ба фикри довар розӣ набошад, он гоҳ ба сабти наворҳои такрорӣ рӯ меоранд ва танҳо  пас аз ин доварон қарори қатъӣ мебароранд. Ин имконият медиҳад, ки доварон ба иштибоҳ роҳ надода, ба қувваозмоии варзишгарон  дақиқу мунсифона баҳо гузоранд ва ба ҳар гуна нофаҳмиҳо  хотима гузоранд.

Ин мусобиқа бо кумаки сабти наворҳои такрорӣ воқеан хеле шаффоф ва бе баҳсу мунозира гузашт ва варзишгарон низ аз баҳои гузоштаи доварон розигӣ баён намуданд.

Ҳамин тавр,  дастаи Бадахшон дар сархати ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Кӯлоб ва Душанбе гирифтанд. Ғолибон бо медал ва Ифтихорномаи Федератсияи таэквондои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд