Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ХОРУҒ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид. Ин мусобиқа ду рӯз давом карда, дар он беҳтарин варзишгарони ин намуд аз дастаҳои мунатахаби Бадахшон, Хатлон ва Душанбе бо ҳам рақобат карданд.
Сардовари мусобиқа Вафоназар Алиназаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «дар мусобиқа кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014 иштирок намуданд. Ин синн барои тамрини таэквондо хеле мувофиқ аст, зеро дар ин риштаи варзиш дар баробари тарбияи умумии ҷисмонӣ, техникаи нафаскашӣ, ҳамчунин ба тарбияи ақлонию зеҳнии варзишгар аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ростгӯӣ, хушмуомилагӣ, сабурӣ, қатъият, идора кардани эҳсосот дар вақти зарурӣ қоидаҳои аслии таэквондо мебошанд, ки аз хурдсолӣ дар ниҳоди ҳар варзишгар парварида мешаванд. Таэквондо барои кӯдакону наврасон аз он ҷиҳат боз ҷолиб аст, ки бо тамринҳои пайваста бадани худро обу тоб дода, имконият пайдо мекунанд, ки дар дигар намудҳои варзиш низ ҳунару истеъдод ва маҳораташонро ба намоиш гузоранд».
Бори аввал дар ин мусобиқа аз усули VAR, ки онро ёвари довар низ ном мебаранд, истифода шуд. Агар варзишгар ҳангоми баҳогузорӣ ба фикри довар розӣ набошад, он гоҳ ба сабти наворҳои такрорӣ рӯ меоранд ва танҳо пас аз ин доварон қарори қатъӣ мебароранд. Ин имконият медиҳад, ки доварон ба иштибоҳ роҳ надода, ба қувваозмоии варзишгарон дақиқу мунсифона баҳо гузоранд ва ба ҳар гуна нофаҳмиҳо хотима гузоранд.
Ин мусобиқа бо кумаки сабти наворҳои такрорӣ воқеан хеле шаффоф ва бе баҳсу мунозира гузашт ва варзишгарон низ аз баҳои гузоштаи доварон розигӣ баён намуданд.
Ҳамин тавр, дастаи Бадахшон дар сархати ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Кӯлоб ва Душанбе гирифтанд. Ғолибон бо медал ва Ифтихорномаи Федератсияи таэквондои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






