Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 5,4 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2 миллиону 704,2 ҳазор сарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 97,7 ҳазор сар ё 3,7 фоиз зиёд аст.
Тавре дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Хабар» иттилоъ доданд, дар ин давра саршумори гӯсфанду буз 7,06 миллион сарро ташкил дода, 463,1 ҳазор сар ё 7,0 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 93,4 фоизи саршумори чорвои калон ва 81,5 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Дар моҳҳои январ — августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 148 801 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,8 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 575 423 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 5,4 фоиз зиёд мебошад.
Чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб шуда, аҳолии мамлакатро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом, яъне пашм таъмин менамояд. Бо мақсади рушди соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаи давлатӣ қабул намудааст, ки барои ривоҷи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






