Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Пешгирӣ, ташхис, табобат ва вокуниш ба бемории обилаи маймун» амалӣ мегардад

Сентябрь 19, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Пешгирӣ, ташхис, табобат ва вокуниш ба бемории обилаи маймун» амалӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи барнома дар муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ оид ба хуруҷи бемории обилаи маймун гузаронида шуд, ки он дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ доир мегардад.

Мутахассиси соҳаи тиб Ораш Алоӣ иброз намуд, ки «бемории сироятии обилаи маймун бо номҳои mрох ё обилаи эм ҳам маъмул аст. Онро вирусе бармеангезад, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, вале дар сурати иртиботи наздик аз инсон ба инсон ҳам мегузарад. Нишонаҳои аввали муайян кардани вируси обилаи маймун мушкил аст, зеро он низ мисли аксар бемориҳои дигари уфунӣ бо дарди бадан, дарди сар, беҳолӣ, доначаҳои обиламонанд ва нафастангӣ оғоз мешавад. Вале доначаҳои обиламонанд дар бадани на ҳама гирифторони ин беморӣ пайдо мешаванд».

Бемории обилаи маймун табобатшаванда ва дорои ваксина буда, то 80 фоиз онро пешгирӣ намудан мумкин аст.

Иттилоъ дод шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди беморӣ сабт нашудааст, вале шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки бо риояи дурусти гигиена худ ва фарзандонро аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба авҷгирии бемории обилаи маймун ҳолати фавқулодаи дараҷаи байналмилалӣ эълон намудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд