Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шуруъ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иброз намуд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми мо тақдири ояндаи давлату миллатро ба дасти хеш гирад.
«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мамлакати ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид. Обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори давлати мо дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург мебошанд, ки ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад», — таъкид кард Далер Ҷумъа.
Вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имкониятро ба хотири ободии он равон намоем.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба як зумра корманди соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ Ифтихорнома тақдим карда шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид






