Дар вилояти Суғд 1005 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ, касбӣ ва касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд

Сентябрь 4, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд 952 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 21 литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд, ки дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва рушди илм нақши муассир мегузоранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Давоми 6 моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 иншоот бо 1720 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 синфхона бо 800 ҷойи нишаст, 2 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ ва 5 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 920 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо ибтикори Пешвои миллат эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баргузории озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» барои вусъати фаъолияти ҷавонону наврасон марҳилаи нав боз намуда, ба доираи омӯзиш ва мутолиаи на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми қишрҳои ҷомеа густариши тоза мебахшад.

Дар ин замина ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон  1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ба масъулин дастур доданд, ки  мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.

Ин озмунҳо имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ, омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон бештар тақвият ёбад.

Амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти таъмини пешрафту рушди маориф, ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, иштирок ва ғолибияти устодон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо аз ташаббусҳои самарабахши ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат  1 сентябр зимни суханронӣ бахшида ба оғози соли нави хониш озмуни «Шоҳномахонӣ» эълон намуданд. Озмун байни гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон  гузаронида мешавад.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ин озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала дар муддати се моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони   мамлакат дастрас карда  шавад. Вобаста ба таҳия ва нашри китоб дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 4, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон: «Низоми дувоздаҳсолаи таълим дар марҳилаи аввал ба таври пилотӣ амалӣ карда мешавад»
Хонандаи тоҷик «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон»-ро соҳиб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис ёфт
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омузгоронро барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 24 ихтисоси нав таъсис ёфт