Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид

Сентябрь 6, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федеретсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа оид ба  футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бо мақсади  тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии  мамлакат, таъмини иҷрои «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсуб мешавад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа марҳилаи интихобӣ аз сатҳи маҳаллаву деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, марҳилаи сеюм дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тибқи талаботи Низомнома баргузор гардид.

Иттилоъ медиҳем, ки ғолибони ҳамаи марҳилаҳои интихобӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо диплом, медалу туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» 8 дастаи ғайрикасбӣ аз ҷумла, аз шаҳри Душанбе, Хатлон – 1, Хатлон — 2, ВМКБ, Суғд, Ҳисор, Рашт ва НБО «Роғун» роҳхат пайдо намуданд.

Даври ҷумҳуриявии мусобиқа дар арафаи таҷлили ҷашни пуршукуҳи 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегузарад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 6, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид