ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст

Сентябрь 9, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар васфи пойтахти тоҷикон иброз доштааст: «касе, ки як бор Душанберо дид, умрбод ошиқаш мешавад. Симои ин шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди мо, ба хусус дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ба тамом тағйир ёфт ва имрўзҳо ҳар рўзу соат зеботару дилработар мешавад».

Воқеан давоми солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе  ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, бахусус меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон аз тамошои боғу гулгашту чаманзораш ба ваҷд омада, ба ин шаҳри сабзу муосир дил мебанданд.

Ҳамаи ин бунёдкориву ободкорӣ, инчунин сохтмони садҳо иморати таъйиноти гуногун ва таъмини  рушди устувори  пойтахти  мамлакат дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд.

Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон  муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маркази Боғи «Устод Рӯдакӣ», муҷассамаи боҳашамати Абулқосим Фирдавсӣ дар Боғи «Фирдавсӣ», муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Алишер Навоӣ, пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе қомат афрохтаанд.

Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёду навсозии боғҳои ба номи Куруши Кабир, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Алишер Навоӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, кӯли «Ҷавонон», маҷмааи Наврӯзгоҳ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.

Дар пойтахт танҳо дар доираи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 4300 иншооти таъйиноти гуногун сохтаву мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, бунёди 16 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ анҷом дода шуд.

Навсозӣ кардан ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду навсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи ҳар шаҳр маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, давоми 7 соли охир дар пойтахт 159,5 километр роҳҳо навсозӣ карда шудаанд, ки 17,8 километри он ба соли 2023 рост меояд.

Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани иншооти соҳа ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 пули автомобилгарду қаторагард, ду роҳи сесатҳа, ду роҳи дусатҳа ва 127 истгоҳи наву замонавӣ таъмир, таҷдид ва навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Яке аз дастоварди шаҳр дар ин давра ин ворид намудани автобусу тролейбусҳои муосири ҷамъиятӣ ба пойтахти мамлакат аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон ва ҷорӣ намудани пардохти ғайринақдӣ аз истифодаи он мебошад.

Дар ин раванд соли 2018 дар пойтахти мамлакат коргоҳи муштараки Тоҷикистон ва Туркия  — «Акиа Авесто Автоматив Индастри»  оид ба истеҳсоли автобусҳои «Акиа» ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳоло ба  пойтахт нақлиёти барқӣ (электромобил)-и ҷамъиятӣ низ ворид карда шудааст.

Душанбеи имрӯза шаҳри рушдкунандаи индустриалӣ буда, дорои беш аз 757 корхонаи саноатӣ мебошад.  Пойтахти мамлакат,  воқеан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат пешоҳанг буда, пайваста дар ин самт аз ҷониби шаҳрдорӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Пас, мо мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе бояд бо масъулияти баланди шаҳрнишинӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасро бо ифтихору сарфарозии баланд идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазо гузорем. Ҳамзамон бо дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву маишӣ  ба ҳусни ин зебошаҳри ҷаҳон ҷилову шаҳомати тоза зам намоем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар Истаравшан 28 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад