Эмомалӣ Раҳмон: «Бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд намудем»
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 33 соли замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгў ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем. Дар ин хусус 8 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Президенти Тоҷикистон изҳор намуданд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ мо тамоми саъю талошро дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлоли энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани он, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муттаҳид сохтем.
«Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва мамлакати маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба давлати транзитӣ мубаддал сохтем», — баён доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






