ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «Е» баргузор мешаванд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Шимолӣ, ки пас аз ду даври интихобӣ дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад, рақобат мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон озод буд. Дар даври дуюм дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Шри – Ланкаро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






