ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 21 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мутахассиси словенӣ Милош Костич ба ҷамъомади охирини таълимиву тамринии пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 26 бозигарро даъват кард, ки аз ин шумора 23 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба ҳайати ниҳоӣ роҳ ёфт. Ба далели баргузор нагаштани марҳилаи интихобӣ дар рӯзҳои ФИФА бархе аз легионерон наметавонанд дар ин мусобиқа дар ҳайати мунтахаби ҷавонон бозӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) вориди гурӯҳи «Е» буда, бо дастаҳои Шри-Ланка (23 сентябр), Кореяи Шимолӣ (25 сентябр), Малайзия (27 сентябр) ва Уммон (29 сентябр) рақобат менамояд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон роҳхат мегиранд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврал дар Чин баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






