ХАТИ ЗЕБО НИШОНАИ ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ. Имрӯз дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хати зебо нишонаи зебоӣ, зебоипарастӣ ва дарки масъулияти шахс мебошад. Агар хоҳед, ки фарзандатон хушхат бошад, то ба синни мактаб расиданаш дар баробари омӯзиши ҳарфҳо бояд бештар расм кашад. Чунин тавсия медиҳанд равоншиносон.
Ҳусни хати зебою хоно боиси болидагии руҳ ва хушҳолии ҳам нависанда ва ҳам хонанда (тафтишгар) мегардад. Вале, мутаассифона, имрӯз дар бисёре аз муассисаҳои таълимии мамлакат ба ин масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки хати шогирдон чандон зебо нест. Аслан, хонандагон дар зинаи якуми таҳсилоти мактабӣ (синфҳои 1-4) бояд тарзи дуруст, бехато ва зебо навиштани хатро ёд гиранд.
Ба тавсияи мутахассисон, бо фарзанд пеш аз ба мактаб додан давраи омодагии машқро гузаронед. Ба фарзандатон бештар бозиҳое пешниҳод кунед, ки дар онҳо ҳарфҳо бошанд. Инчунин кӯшиш намоед, ки ба кӯдак аввал хондан ва баъд навиштанро омӯзонед. Зеро кӯдак дар вақти навиштан донад, ки кадом ҳарфро талаффуз карда менависад.
Ба андешаи равоншиносон, барои муайян сохтани хислати инсон аз рӯйи ҳусни хат ба тарзи навишт ва имзогузориаш диққат диҳед. Ҳусни хати инсонро хонда тавонед, ин маънои онро дорад, ки шахси самимиву покдил аст. Ҳар қадаре ҳусни хат зебо бошад, он ҳамон андоза аз рушди инсон дарак медиҳад.
Равоншиносон тарзи навишти инсонҳоро чунин маънидод мекунанд:
— Агар сатр рост бошад, ин аз табиати ороми шумо, майлатон ба идора кардани эҳсосоти худ ва барои ҳар майда-чуйда наранҷиданатон дарак медиҳад. Сатрҳое, ки ба боло равона гардидаанд, ба хушбинӣ, боумедию зиндадилӣ ишорат мекунанд. Сатрҳои сӯи поин нигарон, баръакс, нишонаи хастагии дилу руҳ, ноумедӣ ва майл ба асабоният мебошанд. Ва агар сатрҳои навиштаатон гоҳ поину гоҳ боло ҷаҳанд, ин далели он аст, ки шумо ба гурӯҳи одамоне тааллуқ доред, ки саросема хулоса мебароранду бе андешаи кофӣ ба қароре меоянд.
Инчунин нафароне, ки қаламро бо фишори сахт доштаву менависанд, одамоне ҳастанд, ки аз бартараф кардани монеаҳо, мубориза бо душвориҳо ва ҳалли масъалаҳои мушкил ҳаловат мебаранд. Фишори суст бештар нишонаи он аст, ки шумо шахси ҳассоседу дар бораи одамон фикри бад надоред. Фишори гоҳ сусту гоҳ сахт аломати зудранҷӣ ва тез-тез тағйир ёфтани табъу авзоятон аст.
Дар вақти навиштан хам будани ҳарфҳо нишонаи он аст, ки шахс дар маркази диққати ҳамагон қарор доштанро дӯст медорад. Хати вертикалӣ, яъне ҳарфҳои рост далели табиати ором ва худро идора кардани соҳибаш мебошанд. Ҳарфҳои гирд нишонаи майли инсон ба муросокорӣ ва бе ҷанг ҳал кардани баҳсҳо мебошанд. Ҳарфҳои кунҷдор хоси нафарони боирода, мақсаднок ва бебок мебошанд.
Равоншиносон таъкид мекунанд, ки агар ҳамаи ҳарфҳоятон ба ҳам пайваст бошанд, шумо одами ба таҳлил моил мебошеду аз рӯи ақлу мантиқ кор кардан бароятон хос аст. Дар акси ҳол шумо бештар ба ҳиссиёту тахмин такя мекунеду коратон ба табъу авзоятон вобастагии сахт дорад. Одамони ҳассосу бонафосат одатан бо ҳарфҳои калон менависанд. Ҳарфҳои майда нишонаи камэҳсосӣ, майл ба қаноат ва пинҳонкорӣ мебошанд.
Ба ақидаи равоншиносон, зич ҷойгир кардани калимаҳо аломати сарфакорӣ ва камхарҷӣ аст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки омили генетикӣ низ дар ташаккули тарзи навишт муҳим аст. Аксар вақт аъзои як оила ба ҳам монанд менависанд. Аз ин рӯ, калонсолон бояд бо намунаи худ ба кӯдакон ҳусни зебои хат ва хоно навиштанро нишон диҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд






