«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар дар даври вилоятии озмун иштирок менамоянд

Сентябрь 20, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 37 нафар устодону донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ ба даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷалб шуда, аз рӯи 7 номинатсия иштирок менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар доданд, тибқи хулосаи ҳакамон, ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну хонандагони литсейи назди донишгоҳ умед доранд, ки дар ин давр иштирокчиён ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Бохтар дастаи олимпӣ фаъолият дорад. Ҳамасола беҳтарин устодону донишҷӯён ва хонандагони литсей интихоб ва барои иштирок дар даврҳои гуногуни озмун пешбарӣ шуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешаванд. Маҳз тавассути ин озмунҳо садҳо нафар сокинон қобилият ва истеъдодашонро дар бахшҳои гуногуни илму фарҳанг пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Сентябрь 20, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад