Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид

Сентябрь 7, 2024 20:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди бинои Театри давлатии академии опера вабалети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Душанбе барои сокинону меҳмононипойтахт барномаи бошукуҳу рангини ҳунарӣ, иборат аз суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ баргузоргардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш шумораи зиёди сокинони пойтахт вамеҳмонон иштирок намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат ин ҷашни миллиротаҷлил намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки имсол мардуми шарафмандва тамаддунсози тоҷик 33-солагии Истиқлолиятидавлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣтаҷлил менамоянд.

Бояд гуфт, ки сокинони пойтахт солҳои охир боҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарварии роҳбариҷавону кордон- Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ ба дастовардҳои арзанда ноилгардиданд.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ватанисоҳибистиқлоламон сол ба сол рушд менамояд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе боташаббуси Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва ҷонибдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои бесобиқаиободониву бунёдӣ дар ҳама самту соҳаҳо ба таври густурда ба анҷом расонида шуданд.

Дар шаҳр дар баробари бунёди иншооти муҳимиинфрасохтори пойтахт ба масъалаи сохтмон ватаъсиси муассисаҳои таълимии  замонавӣ ваҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳимахсус зоҳир мегардад.

Дар пайи сохтмонҳо ва ободкориҳои хеле зиёдшаҳри Душанбе маркази бузурги сиёсиву фарҳангӣва илму маданият шуд.

Бо ибтикори роҳбарияти мамлакат дар пойтахтиТоҷикистон — шаҳри Душанбе даҳҳо маротибачорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор шуданд. Дар ин гуна ҳолатҳо мардуми ҷаҳон шоҳиди мизбонииДушанбе шудаву аз шеваи ободкорӣ вамеҳмондории тоҷикон ба ҳайрат омадаанд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2024 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»