Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид

Сентябрь 7, 2024 20:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди бинои Театри давлатии академии опера вабалети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Душанбе барои сокинону меҳмононипойтахт барномаи бошукуҳу рангини ҳунарӣ, иборат аз суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ баргузоргардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш шумораи зиёди сокинони пойтахт вамеҳмонон иштирок намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат ин ҷашни миллиротаҷлил намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки имсол мардуми шарафмандва тамаддунсози тоҷик 33-солагии Истиқлолиятидавлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣтаҷлил менамоянд.

Бояд гуфт, ки сокинони пойтахт солҳои охир боҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарварии роҳбариҷавону кордон- Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ ба дастовардҳои арзанда ноилгардиданд.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ватанисоҳибистиқлоламон сол ба сол рушд менамояд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти мамлакатшаҳри Душанбе боташаббуси Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва ҷонибдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои бесобиқаиободониву бунёдӣ дар ҳама самту соҳаҳо ба таври густурда ба анҷом расонида шуданд.

Дар шаҳр дар баробари бунёди иншооти муҳимиинфрасохтори пойтахт ба масъалаи сохтмон ватаъсиси муассисаҳои таълимии  замонавӣ ваҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳимахсус зоҳир мегардад.

Дар пайи сохтмонҳо ва ободкориҳои хеле зиёдшаҳри Душанбе маркази бузурги сиёсиву фарҳангӣва илму маданият шуд.

Бо ибтикори роҳбарияти мамлакат дар пойтахтиТоҷикистоншаҳри Душанбе даҳҳо маротибачорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор шуданд. Дар ин гуна ҳолатҳо мардуми ҷаҳон шоҳиди мизбонииДушанбе шудаву аз шеваи ободкорӣ вамеҳмондории тоҷикон ба ҳайрат омадаанд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2024 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд