Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар шаҳри Душанбе то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.








12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид






