ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад

Сентябрь 21, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2022  21 сентябр Рӯзи байналмилалии сулҳ муқаррар шудааст. Ин ҷашн дар иҷлосияи 36-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ва эълон гардидааст. Барои бештари сокинони сайёра сулҳ- ин воқеияти ҳамарӯза аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр оромӣ мавҷуд буда, кӯдакон ба мактаб ва боғча мераванд. Дар он ҷое, ки пояҳои ҷамъият мустаҳкам аст, неъмати бебаҳои сулҳу субот фароҳам буда, мардуми ин давлатҳо хеле хушбахт мебошанд. Аммо дар ҷомеаи муосир барои шумораи зиёди одамон ин неъмат чун афсонаи нотакрор менамояд. Онҳо  рӯзи хубу хуше намебинанд, дар зери харобаҳо бо садои тиру туфанг, фазои бесуботӣ ва тарсу ноумедӣ  зиндагӣ мекунанд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ва то кадом андоза арзишманд будани ин арзиши воло-сулҳ мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин бо коршиноси Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов ҳамсуҳбат гардид.                        

АМИТ «Ховар»: Воқеан ҳам дар замони муосир сулҳу субот беҳтарин дороии ҳар давлат аст. Шумо муҳимияти таҷлили ин рӯзро дар чӣ мебинед?

З. Давлатов: Воқеаҳои солҳои охир- ҷанг, терроризм, муҳорибаҳои ҳарбӣ, мухолифатҳои амиқ, ки одамонро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон аз ҳамдигар ҷудо мекунанд, муҳим будани Рӯзи байналмилалии сулҳро бори дигар таъкид месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давлате мебошад, ки ҷангро аз сар гузаронид ва бо ҷоннисориву заҳматҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик сулҳу субот барқарор гардид, ки ин барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш мебошад. Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир аст. Бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот дар мамлакат марҳилаи созандагӣ фаро расидааст. Маҳз бо шарофати ваҳдати  миллӣ ва сулҳу субот ба мо муяссар шуд, ки давлати соҳибистиқлоламонро аз хатари нестшавӣ нигоҳ дорем. Маҳз ваҳдати миллӣ решаҳои Истиқлоли давлатии моро мустаҳкам кард.

Мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов дар мавриди сулҳофар будани мардуми тоҷик чунин андеша дорад: «Агар мо ба таърихи сулҳ ва сулҳофаринӣ назар кунем, мебинем, ки нақши тоҷикон дар масири таърих ҳамчун мардуми сулҳовар, сулҳофарин ва сулҳҷӯ назаррас аст. Сулҳофаринию сулҳдӯстии мардуми мо дар гузашта ва имрӯз борҳо собит шудааст. Ниёгони мо ягон вақт кишвареро ғасб накардаанд ва намояндагони барҷастаи мо дар ҳар давру замон барои сулҳ, ризояти миллӣ ва сулҳофаринӣ кӯшишҳо ба харҷ додаанд».

Дар осори бузургони мо сулҳ ҳамчун падидаи муҳим барои тавҳид ва ҳамгироии мардумон, оромӣ ва осоиши ҷомеа нақши муассир дорад. Дар гузашта агар бузургони мо ҳамеша сулҳро ҳамчун арзиши бузург дар осорашон ба қалам оварда бошанд, дар қарни бисти милодӣ яке аз фарзандони бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода солиёни дароз ҳамчун раиси Кумитаи шуравии ҳамраъйии мамлакатҳои Осиё ва Африқо барои дар ҷаҳон доман густурдани сулҳ воқеан хизматҳои бузург кардааст. Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир намудааст.

АМИТ «Ховар»: Дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон чӣ гуфтанӣ доред?

З. Давлатов: Дар замони соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаву омоли сулҳофаринии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бори дигар шуҳратёр гардид. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи бузургро ҳамчун меҳвару раҳнамо барои хомӯш кардани оташи ҷанг, фурӯ нишондани ҷанҷолҳои сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи Миёна ва Шарқи Дуру Наздик ба таври васеъ истифода мебарад. Сулҳи тоҷикон имрӯз чун яке аз муваффақтарин таҷрибаи сулҳофарӣ дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад.

Дар мавриди муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон гуфтан зарур аст, ки ин таҷрибаи нодирро бояд барои наслҳои ояндаи на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кишварҳои Шарқи Миёна  бо гузоришу назари нави таҳқиқию муқоисавӣ пешниҳод кунем. Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони ба ҳам овардани ҷомеаи давлати ҳамҷавори мо — Афғонистон ба шумор мераванд. Дар чандин минбарҳои ҷаҳонӣ ин ташаббус аввалин шуда, аз тарафи Президенти Тоҷикистон садо додааст. Сарвари давлати мо  талош доранд, ки мардуми кишвари ҳамсоя ва ҳаммарз бо мо ба ҳам оянд, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ дар  ин кишвар пойдор гардад. Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ дорад, чунки он дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ба мисли Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳо метавонад истифода шавад.

Бояд таъкид намуд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин  қадру арзиши бузург доранд. Дар ҷодаи ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз ваҳдати миллӣ ва сулҳу оштӣ дорои нақши бузург мебошанд. Маҳз сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори мамлакати соҳибистиқлоли мо гардид. Ватанро дӯст доштан ва ба қадри ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ расидан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст.

27 июни соли 1997 марҳилаи нави рушди Тоҷикистон  оғоз гардид ва  ба Ваҳдати миллии тоҷикон  асос гузошта шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ  сабақи таърих буд. Дарсе буд барои ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон омӯзанда ва ҳушдордиҳанда. Имрӯз   таҷрибаи сулҳофарии  тоҷикон барои ҷаҳониён ҳамчун модели тоҷикии сулҳ пазируфта шуд. Барои мисол, дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста-Рика ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун даври омӯзишии махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажуҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Гамбурги Олмон дар асоси барномаи чандсола раванди сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзиш қарор додааст. Ин мояи ифтихори мо аст, зеро таҷрибаи нодири сулҳофарие аст, ки боиси афзоиши эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Ҳамасола дар Тоҷикистон 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш бо дарси сулҳ таҷлил мегардад, ки ин ҳам як навъ громидошти сулҳ дар мамлакат аст. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред? 

З. Давлатов: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «ҳар фарди бедордили ҷомеа, ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти мамлакат ҷаҳду талош намояд». Аз ин рӯ,  ҷавонон бояд имрӯз ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии давлати азизамон бирасанд, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстиро пеша намоянд ва тамоми кӯшишу талошҳоро ба рушди мамлакат равона намоянд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси сулҳ таҷлил карда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ таҳсил бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Дар дарси сулҳ дар баъзе муассисаҳои таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок менамоянд, ки ин ҳисси ватандӯстиву сулҳдӯстии таҳсилкунандагонро меафзояд, зеро Пешвои миллат худ рамзи сулҳу дӯстии тоҷикон мебошанд.

Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсил барои хонандагону донишҷӯёни мамлакат аҳамияти басе муҳими таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Яъне амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

АМИТ «Ховар»: Чанд сол аст, ки вазъи чанде аз минтақаҳои сайёра чандон ором нест. Задухӯрдҳои мусаллаҳона ва мухолифатҳои сиёсӣ сабаби он гардидаанд, ки барои бархе аз сокинон сулҳ ба мисли афсона гардад. Ба андешаи Шумо то кадом андоза ин вазъият хатар дошта метавонад?

 З. Давлатов: Бале, тавре мушоҳида мегардад, чор-панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» ба роҳ монда шудааст, рӯз то рӯз шиддат мегирад. Танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин дар муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки беш аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.             Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат мешаванд. Ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёраи Замин аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он- камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.

Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд. Дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯйинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯйи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар шахс ва ҳар  оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳамият дорад.

Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад. Садҳо миллиард сомонӣ хисороти моддӣ ва даҳшатноктар аз ҳама, зарбаи ҷонкоҳи маънавӣ ба руҳу равони мардуми мамлакат зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандие аст, ки аз ноогоҳии сиёсии мардум ва суиистифода аз зиёдаравӣ дар дину эътиқод ба сари давлати ҷавони тоҷикон омада буд.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшиш намоем. Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир- терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин ифротишавии ҷомеа мубориза барем.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд: «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».

АКС: АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин