IRS: Дар роҳи Душанбе – Чанок девор ва саддҳои ҳимоявӣ гузошта мешаванд

Сентябрь 4, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳаракати  муназзаму бехатари нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок деворҳои ҳимоявӣ (парапет) месозад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

То имрӯз аз ҷониби ширкат дар масофаи 16 000 метр деворҳои ҳимоявӣ  сохта ва гузошта шудаанд, ки ҳар парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта,   дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор боқӣ мемонад.

Мавҷудияти чунин деворҳо чандин мошинро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.

Ҳангоми навсозии роҳи Душанбе  — Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуда, ин иқдом, ки ҳадафи ягонааш таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст, маҳз  бо ташаббуси роҳбарияти «IRS»  амалӣ гардид.

Гузоштани чунин деворҳо дар масири Душанбе – Чанок идома дорад.

АКС: Маркази матбуоти ширкати IRS

Сентябрь 4, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад