IRS: Дар роҳи Душанбе – Чанок девор ва саддҳои ҳимоявӣ гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок деворҳои ҳимоявӣ (парапет) месозад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
То имрӯз аз ҷониби ширкат дар масофаи 16 000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ва гузошта шудаанд, ки ҳар парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор боқӣ мемонад.
Мавҷудияти чунин деворҳо чандин мошинро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.
Ҳангоми навсозии роҳи Душанбе — Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуда, ин иқдом, ки ҳадафи ягонааш таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст, маҳз бо ташаббуси роҳбарияти «IRS» амалӣ гардид.
Гузоштани чунин деворҳо дар масири Душанбе – Чанок идома дорад.
АКС: Маркази матбуоти ширкати IRS








Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд






