ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра шумораи муассисаҳои олӣ аз 13 ба 47 адад расонида шуд

Сентябрь 7, 2024 19:06

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам шумора куллан дигаргун гардида, рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки  агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 мактаби олӣ фаъолият дошта, дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард, ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 адад расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ин шумора ду донишгоҳ мақоми байналмилалиро доро мебошад. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шуд. Дар ин донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Инчунин бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро идома медиҳад. Ҳамин аст, ки ҷавонони тоҷик на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.

Аз ҷумла, дар ин давра беш аз 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника бо давлату ташкилоти хориҷӣ ба имзо расонида шуданд. Дар асоси ин санадҳо зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии мамлакат зарурӣ дар 38 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд.

Соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар ин замина марказ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз рӯйи он ихтисосҳое, ки дар мамлакат омода намешаванд ва рушди иқтисодиёти мамлакат ба онҳо ниёз дорад, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон»-ро созмон дод.

Ҳамзамон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, корҳои назаррас анҷом  дода шуданд.

Инчунин зиёда аз 41 ҳазор ҷавони боистеъдоди мо дар беш аз 40 давлати дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд.

Танҳо дар Федератсияи Русия беш аз 20 ҳазор ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Давоми ду сол: 2022-2024 беш аз 200 нафар тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Италия, Британияи Кабир, Олмон, Швейтсария, Фаронса ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилро идома доданд.

Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд

Ба замми ин, ҳоло дар ҷумҳурии мо як донишгоҳи муштарак, яъне Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ва филиалҳои панҷ донишгоҳу донишкадаи бонуфузи хориҷӣ бо шумораи умумии 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ фаъолият доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2024 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд