ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра шумораи муассисаҳои олӣ аз 13 ба 47 адад расонида шуд

Сентябрь 7, 2024 19:06

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам шумора куллан дигаргун гардида, рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки  агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 мактаби олӣ фаъолият дошта, дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард, ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 адад расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ин шумора ду донишгоҳ мақоми байналмилалиро доро мебошад. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шуд. Дар ин донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Инчунин бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро идома медиҳад. Ҳамин аст, ки ҷавонони тоҷик на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.

Аз ҷумла, дар ин давра беш аз 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника бо давлату ташкилоти хориҷӣ ба имзо расонида шуданд. Дар асоси ин санадҳо зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии мамлакат зарурӣ дар 38 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд.

Соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар ин замина марказ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз рӯйи он ихтисосҳое, ки дар мамлакат омода намешаванд ва рушди иқтисодиёти мамлакат ба онҳо ниёз дорад, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон»-ро созмон дод.

Ҳамзамон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, корҳои назаррас анҷом  дода шуданд.

Инчунин зиёда аз 41 ҳазор ҷавони боистеъдоди мо дар беш аз 40 давлати дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд.

Танҳо дар Федератсияи Русия беш аз 20 ҳазор ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Давоми ду сол: 2022-2024 беш аз 200 нафар тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Италия, Британияи Кабир, Олмон, Швейтсария, Фаронса ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилро идома доданд.

Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд

Ба замми ин, ҳоло дар ҷумҳурии мо як донишгоҳи муштарак, яъне Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ва филиалҳои панҷ донишгоҳу донишкадаи бонуфузи хориҷӣ бо шумораи умумии 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ фаъолият доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2024 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 653 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд?
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО САРАТОНИ ҒАДУДИ ШИРӢ. Солҳои охир ҷавоншавии ин беморӣ ба назар мерасад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия муайянкунандаи роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллат аст
Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Президенти Тоҷикистон вобаста ба таъмир ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар Бадахшон дастур доданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид
Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд