Кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол беш аз 36 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд

Сентябрь 18, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол деҳқонони ноҳияи Зафаробод дар 11 ҳазор гектар пунбадона кишт карда, азм намудаанд, ки беш аз 36 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Хушекат» дар 4 гектар ва хоҷагии деҳқонии «Панҷшер» дар 6 гектар пунбадона кишт намуда, дар айни замон ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мебошанд.

Хоҷагидорон мақсад доранд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ карда, нақшаи истеҳсолро пурра иҷро намоянд.

Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кони ганҷ» дар деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 гектар сохта шудааст.

Дар корхона 30 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, дар як сол то 10 ҳазор тонна пахтаро коркард менамоянд.

Қабули пахта дар корхона оғоз ёфта, кишоварзони шаҳраки Меҳнатободу деҳоти Ҷомӣ метавонанд пахтаи худро барои коркард ба он супоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 18, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд