Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд

Сентябрь 1, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду китоби номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода бо номҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд.

Тавре муаллиф ба АМИТ «Ховар» хабар дод, маводу матолиби китоби «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» рӯзмарра буда, бо омӯзишу мутолиаи нигоштаҳо хонанда маълумоти муфиду омӯзандаро доир ба хидматҳои Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолу ваҳдат, рушди маориф ба даст меорад ва перомуни вазъи таълиму тарбия, иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ғайра иттилоъ пайдо мекунад. Дар зимн, ба қаламкашони ҷавон ҳамчун дастур барои шинохти журналистикаи соҳавӣ  ва аз бар намудани жанрҳои журналистӣ мусоидат менамояд. Китоб ба се қисмат – «Мақолаҳо», «Мусоҳибаҳо» ва «Тақризҳо» ҷудо шуда, қисме аз мақолаҳои нашрнамудаи муаллифро дар рӯзномаву маҷаллаҳо дарбар гирифтааст.

Дар маҷмуаи «Муаррифгари миллати тоҷик» мақолаю матолиби илмию оммавии солҳои гуногун навиштаи муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Муҳаққиқ хидмату рисолати таърихии устод Садриддин Айниро дар масъалаи шинохти миллати тоҷик, муаррифии адабиёти классикии тоҷик ва намояндагони он, инъикосу тарғиби дастовардҳои миллат дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг ва муборизаю талошҳои адибро дар масъалаи забони тоҷикӣ таҳқиқу таҳлил ва арзёбӣ намудааст.

Маҷмуа барои айнишиносону муҳаққиқон ва омӯзгорону донишҷӯён муфид хоҳад буд.

АКС аз Эҳсон Сафарзода

Сентябрь 1, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе