Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду китоби номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода бо номҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд.
Тавре муаллиф ба АМИТ «Ховар» хабар дод, маводу матолиби китоби «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» рӯзмарра буда, бо омӯзишу мутолиаи нигоштаҳо хонанда маълумоти муфиду омӯзандаро доир ба хидматҳои Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолу ваҳдат, рушди маориф ба даст меорад ва перомуни вазъи таълиму тарбия, иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ғайра иттилоъ пайдо мекунад. Дар зимн, ба қаламкашони ҷавон ҳамчун дастур барои шинохти журналистикаи соҳавӣ ва аз бар намудани жанрҳои журналистӣ мусоидат менамояд. Китоб ба се қисмат – «Мақолаҳо», «Мусоҳибаҳо» ва «Тақризҳо» ҷудо шуда, қисме аз мақолаҳои нашрнамудаи муаллифро дар рӯзномаву маҷаллаҳо дарбар гирифтааст.
Дар маҷмуаи «Муаррифгари миллати тоҷик» мақолаю матолиби илмию оммавии солҳои гуногун навиштаи муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Муҳаққиқ хидмату рисолати таърихии устод Садриддин Айниро дар масъалаи шинохти миллати тоҷик, муаррифии адабиёти классикии тоҷик ва намояндагони он, инъикосу тарғиби дастовардҳои миллат дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг ва муборизаю талошҳои адибро дар масъалаи забони тоҷикӣ таҳқиқу таҳлил ва арзёбӣ намудааст.
Маҷмуа барои айнишиносону муҳаққиқон ва омӯзгорону донишҷӯён муфид хоҳад буд.
АКС аз Эҳсон Сафарзода








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






