Маорифчиёни Бадахшон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ҷонибдорӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуда, дар айни замон сохтмони 30 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ идома дорад, ки то охири сол 15 адади он ба истифода дода мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар Рӯзи дониш, ки дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи профессор Моёншо Назаршоев баргузор гардид, иброз дошт, ки «Пешвои маорифпарвари миллат вазъи имрӯзаи низоми маориф ва илми мамлакатро олимонаву дақиқ ба риштаи таҳлил кашида, иброз намуданд, ки имрӯз ва ояндаи давлату миллат аз сатҳи таълиму тарбияи мутахассисони посухгӯ ба талаботи замони муосир вобастагии калон дорад».
Соҳаи маориф аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардида, ба рушду инкишофи он тамоми имконият равона гардидааст.
Ҳамчунин раиси вилоят аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат иброз доштанд, чунин иқтибос овард: «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».
Аз ин рӯ, бо дарки амиқи муҳимияти ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкурсии ҳуқуқӣ ва пояҳои молиявию таҷҳизотӣ ва кадрию таълимии соҳа устувор гардонида шуда, сатҳи илму маорифи миллӣ хеле баланд бардошта шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят саъю кӯшиш дорад, ки дар заминаи он дастовардҳое, ки дар замони 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти таълиму тарбияи насли созанда ва омода сохтани кадрҳои соҳибтахассус ба даст омадаанд, тадбирҳои муассирро бобати боз ҳам равнақ додани фаъолият ва ба даст овардани натиҷаҳои нав дар ҷодаи илму маориф амалӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар Рӯзи дониш таъкид доштанд, ки «аҳли маорифро зарур аст низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо назардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд».
АКС аз манбаъҳои боз








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






