Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир ҷалб менамояд
ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 5000 хонанда Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мақсад аз чорабинӣ ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба омӯзиши илму ҳунар ва донишҳои замони муосир, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тарғибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ ва ба ин васила тарбияи дурусти кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри ҷалби бештари хонандагон ба машғулияти иловагӣ масъулин тамоми тадбирҳои заруриро андешидаанд, то кӯдакону наврасони пойтахт бе ягон мамониат тавонанд дар дилхоҳ маҳфили марказ ба таври ройгон таҳсил намоянд.
Хонандагон вобаста ба табъу завқ ва майлу рағбат ба маҳфилҳои барояшон писанд сабти ном шуда, аъзои маҳфилҳои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе зиёда аз 40 маҳфили илмию ҳунарӣ, забономӯзӣ ва варзишӣ амал намуда, дар рушду нумӯи кӯдакону наврасони пойтахт саҳми намоён мегузоранд.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






