Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд баъд аз таъмир мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бахши кӯдаконаи шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи шаҳрии клиникии № 1-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баъд аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд» пас аз таъмир ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои масъулин, марказ дорои 130 кати муолиҷавӣ буда, ба кӯдакони имконияташон маҳдуд хизмат мерасонад. Инчунин шуъбаи бемориҳои музмини шуш ва роҳи нафас ва шуъбаи бемориҳои музмини дилу тарбоди марказ низ баъд аз таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин ба истиқболи 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд.
Маркази саломатӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар иншооти навбунёди тандурустӣ тамоми таҷҳизот ва лавозимоти зарурии тиббӣ барои ташхису муоина ва машварати беморон муҳайё карда шуда, ба аҳолӣ табибони баландихтисос хизмати тиббӣ мерасонанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?






