Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст шуд

Сентябрь 7, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, натиҷагирӣ ва ғолибон муайян шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Давоми 5 рӯзи рақобат дар сабқати инфиродӣ дар Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни наврасони то 16-сола варзишгарони Тоҷикистон тавонистанд ҷойҳои ифтихориро сазовор шаванд.

Ғолибони Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни духтарони то 16 сола (инфиродӣ) аз Тоҷикистон Аниса Яҳёева сазовори ҷои аввал ва Сайёра Раҷабалиева мақоми дувумро соҳиб гардиданд. Дар байни писарони то 16-сола (инфиродӣ) варзишгари тоҷик Сомон Амонов сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 2 то 6 сентябри соли 2024 дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни наврасони то 16–сола дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Эрон, Руминия, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тайланд.

Нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад