Наҷотбахшони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Қазоқистон машқҳои муштараки тактикӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотбахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024»-ро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ҳавопаймоҳо иктишофи минтақаи зилзиларо анҷом дода, дастаҳои наҷотбахши таъйиноти махсусро бо кинологҳо ба замин фуруд оварданд. Амалиёти наҷотро дар минтақаи харобшавии иншооти сохтмонӣ дар шароити олудашавии кимиёвии минтақа ва безараргардонии он анҷом доданд.
Ҳамчунин чорабиниҳои муштарак оид ба хомӯш кардани сӯхтор ва анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва садамавӣ дар нақлиёти роҳи оҳан, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба осебдидагон, ҷойгир ва ташкили кори бошишгоҳи саҳроӣ барои аҳолии зарардида ва лабораторияи кимиёвии саҳроӣ таҳия карда шуданд.
Ба корҳои ёрирасон воҳидҳои оташнишонӣ ва наҷот, ҳавопаймоҳои наҷот, як ҳавопаймои бесарнишини навъи чархбол ва таҷҳизоти роботӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ин тамринҳо наҷотдиҳандагони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷаъӣ на танҳо малакаҳои амалиро дар рафъи оқибатҳои заминларзаи харобиовар такмил доданд, балки дар самти баргузории корҳои ёрирасон табодули таҷриба карданд.
Машқҳои воҳидҳои наҷотбахши панҷ давлат нишон доданд, ки неруҳои муштарак қодир ҳастанд барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда муваффақона ҳамкорӣ кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






