«Ҷоми Мердека-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили тими миллии Лубнон бо либосҳои сурх бозӣ мекунад

Сентябрь 3, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рақобати даври нимниҳоии мусобиқоти «Ҷоми Мердека-2024» бо либосҳои сурх бозӣ мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

 Қабл аз бозиҳои нимниҳоии «Ҷоми Мердека-2024» дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷамъомад намояндагони Ассотсиатсияи футболи Малайзия, кумитаи ташкилии маҳаллӣ ва дастаҳои миллии Малайзия, Филиппин, Лубнон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ бо либоси сурх ва тими Лубнон бо либоси сафед ба майдон мебароянд.

Тибқи низомномаи мусобиқот, агар вақти асосии вохӯрии нимниҳоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, силсилаи пеналти муқаррар карда мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад