Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда» дидан намуданд

Сентябрь 28, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда» дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Умеда» 41 гектарро ташкил дода, дар 6 гектари он саҳмдорон боғи себи навъҳои содиротӣ бунёд намудаанд. Ҳосили пурбори себҳои «Зарринтоб», «Ситораи кӯҳсор», «Хубонӣ» ва ноки «Нозанин», ки навъҳои асосии боғро ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи саҳмдорони хоҷагӣ мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли гузашта аз ҳар гектар боғи себ 25 тоннагӣ ҳосил гирифтаанд. Имсол низ ҷамъоварии ҳосили себ дар хоҷагии деҳқонии «Умеда» даҳаи аввали моҳи октябр оғоз мегардад ва тибқи таҳлили мутахассисони соҳа аз ҳар гектари он бояд беш аз 25 тоннагӣ ҳосил ба даст оварда шавад. Хоҷагидорон бо назардошти ба талаботи бозор мутобиқ будани сифати ҳосил дар фурӯши он душворӣ накашида, аз сари замин ҳосилро бо нархи дилхоҳ ба савдо мебароранд.

Дар баробари саҳмдорони хоҷагӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳосили боғот то 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли равон дар миёни қаторҳои боғ сабзавоту полезӣ кишт намуда, аз он ҳам ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Барои таъмини чорво бо хӯроки дурушту серғизо дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт шудааст, ки бо се дарав ва захира намудани ҳосили он, чорвои дар хоҷагӣ мавҷудбуда аз зимистон беталаф бароварда мешавад. Парвариши тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамъоварии он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, васеъсозии масоҳати боғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва аз ин ҳисоб тақвият додани иқтидори содиротии кишвар ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид доданд.

Мавриди зикр аст, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши себу нок мусоид буда, майдони умумии боғот дар ноҳия ба 6 ҳазору 420 гектар баробар гардидааст. Ҳосили ба даст омада аз ин боғҳо дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба содирот низ равона мегардад. Бо зиёдшавии майдони боғҳо дар баробари афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд гардид, ки аҳолӣ бо шуғли мавсимӣ ва доимӣ фаро гирифта мешавад.
Боздид аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда»-и ноҳияи Файзобод 28.09.2024

Сентябрь 28, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭКСПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд