Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд.
Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур дар заминаи ҳамкории ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” бо шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад.
Аз рӯи лоиҳа ба Роҳбари давлат доир ба инфрасохтори иншооти бунёдгардида маълумот доданд. Зикр гардид, ки дар маҳаллаи навбунёд тамоми василаҳо ва имкониятҳои зарурӣ барои таъмини шароити будубош ва ҳаёти иҷтимоии сокинон дар назар дошта шудааст. Ҳама хонаҳои истиқоматӣ аз рӯи як лоиҳа дар масоҳати 500-метри мураббаъ бо 3-ҳуҷра, ҳамом, ошхона, ҷиҳози рӯзгор ва техникаи маишӣ сохтаву муҷаҳҳаз шуда, ба сокинон тақдим хоҳанд шуд. Ин хонаҳо ба шабакаҳои роҳ, оби нушокӣ, барқ ва гармидиҳӣ низ пайваст хоҳанд шуд. Саҳни ҳавлиҳо ва кӯчаҳои маҳалла бо гулу гулбутта, дарахтони ороишӣ, сабза ва чароғҳои зебо зинат дода мешавад.
Маҳалла ҳамчунин дорои муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ барои 670 хонанда дар 2 баст, бунгоҳи тиббӣ, иншооти савдову фароғат ва дигар зербинои зарурӣ хоҳад буд.
Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои беҳтарсозии некуаҳволии сокинон ва бо шуғли муносиб таъмин намудани онҳо ба ҳар як хонавода 8-тогӣ қуттии занбури асал ҳадя кардан дар нақша аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ барои боз ҳам босифат анҷом додани корҳои боқимонда ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба иттилои масъулин, бунёди ин маҳаллаи хуштарҳи замонавӣ, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз идома дорад, то моҳи декабри соли равон ба итмом хоҳад расид.
Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарикони рушд аз Амороти Муттаҳидаи Араб изҳор доштанд, ки дар ин маҳаллаи навбудёд ҳамчунин сохтмони як муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак низ маблағгузорӣ хоҳанд кард.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






