«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд

Сентябрь 30, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази мавлоношиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба бузургдошти   Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз мутафаккирони тоҷик буда, нақши он дар адабиёти тоҷик басе баланд аст. Осори гаронбаҳо, бешабеҳ  ва арзишманди Мавлоно баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол  ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст.

Устодони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – файласуф ва табиатшиноси овозадори тоҷик» ва «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар оинаи матбуот» маъруза намуданд.

Иброз гардид, ки Мавлоно дар баробари ориф будан ҳамчунин назару ақидаҳояшро дар самтҳои табиатшиносӣ, бахусус илмҳои дақиқ баён намудааст. Ӯ на танҳо шоир, балки қомусшинос низ будааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Сентябрь 30, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад