Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои Ҷамоати деҳоти «Зарафшон»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 12, 2024 13:01

ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Зарафшон» оғоз гардид.

Иншооти навбунёд дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони деҳоти “Зарафшон”- и ноҳияи Тоҷикобод, табрику таҳният гуфтанд.

Бинои ҷамоат аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи кории барҳаво ва як маҷлисгоҳ мебошад.

Масоҳати иншоот 141,36 метри мураббаъро ташкил дода, бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.

Ҳуҷраҳои кории бино бо мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва дигар ҷиҳози зурурӣ барои пешбурди фаъолият ва расонидани хизмати баландсифат ба аҳолӣ муҷаҳаз мебошанд.

Дар дохил ва беруни бино унсурҳои меъмории миллӣ ва сохтмонии муосир истифода шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.

Саҳни биноро гулҳои мавсимӣ ва сабзкорӣ зебу зиннат мебахшад.

Аҳолии Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” наздики 6300 нафарро ташкил дода, дар ҳудуди он 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекунад.

Дар деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод панҷ деҳа — Зафаробод, Шинг, Гулистон, Шаҳристон ва Сафедорон мавҷуд аст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав кормандони деҳоти мазкурро вазифадор намуданд, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ба мардум софдилона ва баландсифату саривақт хизмат расонанд.

Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод 12.09.2024

Сентябрь 12, 2024 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон