Президенти Тоҷикистон ба масъулини шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидани сохтмони муассисаҳои томактабӣ супориш доданд

Сентябрь 1, 2024 11:22

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Дарси сулҳ ба роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат дастуру супориш доданд, ки зимни пешбурди корҳо ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, корҳои сохтмонии ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «бо дарназардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, мо ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем. Шумораи ин муассисаҳо соли ҷорӣ ба 720 расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдакон танҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд».

Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки ин шумора ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси мамлакат ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.

«Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» қабул гардидааст, ки аз оғози татбиқи он қариб чор сол гузашт. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии бахшҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахлдошта боиси нигаронӣ мебошад», -таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуданд, ки «тибқи ин Барнома, бояд ҳар сол дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва бахши хусусӣ беш аз 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Вале то имрӯз аз 68 шаҳру ноҳия ҳамагӣ дар 34 шаҳру ноҳия 82 муассисаи томактабӣ сохта шудааст».

Сарвари давлат сабаби асосии чунин вазъро ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нагардидани Барнома донистанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2023 низ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара вазъи иҷрои қисматҳои асосии «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»-ро, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, ташвишовар арзёбӣ намуда буданд.

Барномаи мазкур аз 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳадаф аз тадбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Бо амалисозии Барнома то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад.

Тибқи ин Барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

Дар асоси нақшаи Барнома бояд соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 377 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд
Саида Ғаффорова: «Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Сарвари давлат мо, омӯзгоронро рӯҳбаланд ва ба касбамон дилгарм месозад»
ДАР РАҲИ МАЪНӢ РАФИҚЕ БЕҲТАР АЗ УСТОД НЕСТ. Эҳдо ба Рӯзи омӯзгорон
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба 142 нафар мураббиён ва омӯзгорони пойтахт мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЗАБОН- НИШОНАИ МИЛЛАТ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсия доир шуд
5 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави паёмҳои Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи омӯзгорон доир шуд