Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли равон зимни суханронӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент иброз доштанд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ба истифода дода шудааст. Ҳоло корҳои сохтмони боз 9 бинои муассисаи таълимӣ барои 3 ҳазор хонанда, 10 муассисаи томактабӣ ва 7 бинои иловагӣ барои 2 ҳазору 350 хонанда идома доранд».
Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуданд, ки «тайи се даҳсолаи охир 26 ҳазор нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент, аз ҷумла 576 нафар тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Ҳоло боз 4 ҳазору 475 нафар ҷавонон, аз ҷумла 79 нафар бо квотаи президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил доранд».
Хотиррасон гардид, ки дар муддати шаш соли баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шаҳри Панҷакент 10 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза гардидааст, ки боиси таҳсин мебошад, вале дар муқоиса бо шумораи аҳолӣ ҳоло ҳам кам аст.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки роҳбарону масъулони шаҳр ва сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартараф намудани онҳо бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд».
«Аз ҷумла дар шаҳре, ки 335 ҳазор аҳолӣ дорад, 20 муассисаи томактабӣ ва 69 маркази инкишофи кӯдак фаъолият дошта, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 16 фоизро ташкил медиҳад, ки ин қонеъкунанда нест.Инчунин, 4 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 10 муассиса таъмирталаб мебошад»,-ёдовар шуданд Президенти мамлакат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд






