Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева санги асос гузоштанд

Сентябрь 19, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки мактаб барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Масоҳати умумии қитъаи замини мактаби бунёдшаванда 1,57 гектарро ташкил дода, масоҳати умумии иншооти сохташаванда 8 ҳазору 40 метри мураббаъро дар бар мегирад. Таълимгоҳ аз 4 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар муассиса бунёди толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб, ба бинокорон ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмон ва назорати сифати маҳсулоти истифодашаванда дастурҳои мушаххас доданд.

Соҳибкорони ноҳия барои дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат дар самти соҳибкорию бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ талош менамояд барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.
Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева 19.09.2024

Сентябрь 19, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон