Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илм, хирад ва маърифатпарварӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш, ки 1 сентябр зимни ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, чунин иқтибос овард:
«Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи мамлакат ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Ин лаҳзаҳо барои тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус 250 ҳазор кӯдаконе, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштаанд, хотирмону фараҳбахш мебошанд».
Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар фазои бошукуҳи идонаи таҷлили некутарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ ва давлатӣ- 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Ҳамасола бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб шуда, ин падидаи нек ба сӯи хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
Дар хатми ҳамоиш ба донишҷӯёни соли аввал, ки соҳиби холҳои баландтарини Маркази миллии тестӣ гардида, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шудаанд, Сипоснома тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






