РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд

Сентябрь 25, 2024 15:32

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи донорӣ баргузор намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия».

Чорабинии Рӯзи донорӣ барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 гузаронида шуд.

Саломатии ҷомеа танҳо аз соҳаи муайян вобастагӣ надошта, он дар маҷмуъ ба фаъолияти дастҷамъонаи сохторҳои алоҳида ва сатҳи тафаккури шаҳрвандон низ алоқаманд аст. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» низ ба хотири ҳифзи саломатӣ ин чорабинии муштаракро гузаронид.

Тибқи иттилои мутахассисон, шахси аз 18 то 65-сола метавонад донори хун шавад. Донори хун будан ё хун супоридан дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон ба одат табдил ёфтааст. Сокинони мамлакат ва махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ буда, бо дарки масъулият  ба хунсупорӣ меоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» барои «Донори фахрӣ» шудан бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд. Ин унвон имкон медиҳад, ки донорон аз баъзе имтиёзҳо, аз ҷумла ройгон истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ ва истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббӣ баҳравар шаванд.

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Сентябрь 25, 2024 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе