Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 11, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмуъ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои 33 синфхонаву ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар синфхонаҳои фаннии химия, физика, технологияи иттилоотӣ ва ҳуҷраи инкишофи кӯдак мутобиқ ба талаботи замони ҳозира барои омӯзиш имконият фароҳам оварда шудааст.

Инчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои маҷлисгоҳ бо 190 ҷойи нишаст, китобхона, ҳуҷраи хониш ва толори варзишӣ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгорону хонандагонро ба истифодаи самарабахши аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён бошанд.

Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 соли 2019 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шудааст.

Бо мақсади таъмин намудани гармӣ дар муассиса дегхона ва қубурҳои оби гарм насб карда шудааст.

Инчунин барои тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар саҳни муассиса ду майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшудаи омӯзишӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро ҷиҳати истифодаи судбахш аз имкониятҳои мавҷуда, таълиму тарбияи дурусти хонандагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, тарғиби аҳамияти Истиқлолу хештаншиносӣ ва ба воя расонидани кадрҳои лаёқатманд вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар ноҳияи Нуробод 11.09.2024

Сентябрь 11, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ