Ширкати «Париматч» дар Тоҷикистон бо амбассадори худ Давлат Болтаев нишасти матбуотӣ доир намуд

Сентябрь 10, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ширкати «Париматч» бо иштироки ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж 2024 ва амбассадори ширкати «Париматч» Давлат Болтаев бо ҳузури меҳмонон, шарикони рушд ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар ин хусус  ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ин  ширкат хабар доданд.

Ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж 2024 Давлат Болтаев дар нишаст аз муҳорибаҳояш бо ҳарифони худ дар бозиҳои олимпида қисса карда, аз дастгириҳои домии ширкати «Париматч» изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби ширкати «Париматч» ба варзишгари тоҷик Давлат Болтаев мототсикли варзишӣ туҳфа гардид.

Ёдовар мешавем, ки 4 августи соли 2024  муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс рақобат намуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин давр Давлат Болтаев ба муқобили варзишгари узбекистонӣ Лазизбек Муллоҷонов рақобат намуд. Бояд гуфт, ки муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ бар варзишгари ирландӣ Ҷек Марли бо ҳисоби 4:1 ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев соли 2022 унвони чемпиони Осиё оид ба боксро соҳиб гардидааст.

Бояд гуфт, ки «Париматч» яке аз бузургтарин брендҳои букмекерӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки давоми солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Руҳияи қавӣ ва талош баҳри муваффақияти бештари «Париматч» тавассути сафирон ва ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии варзишӣ паҳн мегардад.

Дар Тоҷикистон бренди «Париматч» аз соли 2020 дар рушди варзиш фаъолона иштирок намуда, таҳти шиори «Дастгирии воқеии варзиши тоҷик»  муаррифӣ мешавад.

АКС: ширкати «Париматч»

Сентябрь 10, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад