Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ дар Будапешт сабқат доранд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот, ки аз 10 то 23 сентябр дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад, 10 шоҳмотбози тоҷик иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар олимпиада шумораи рекордии дастаҳо — 197 нафар дар чемпионати кушод (мардон) ва 184 даста дар байни занон номнавис шудаанд.
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон 10 нафар- Надежда Антонова, Рухшона Саидова, Дилола Толибова, Шукрона Масҳабова, Саодат Одинаева, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Ҷалолиддин Илҳомӣ, Аминҷон Қобилов ва Сулаймон Оймаҳмадовро бо роҳнамоии Ҷамшед Исоев ва Хуршед Ватанов ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ равон намудааст.
Дар даври 2-юми Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот байни мардон шоҳмотбозони тоҷик ҳисобро бо дастаи Латвия мусовӣ- 2:2 карда, дар сабқат байни занон аз дастаи Хорватия бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд.
Имрӯз, 13 сентябр дар даври 3-юм дастаи мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Сингапур ва дастаи занона бо дастаи Чехия вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 44-уми шоҳмот моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон баргузор гардида буд.
АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






