СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 21, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Душанбе ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифти ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар оғози ҳамоиш филми ҳуҷҷатии «Душанбе-шаҳри ҷавонӣ» пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ- баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва риояи одоби шаҳрнишинӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлатдорӣ маъруза намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 21, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад