Суханорои Муродбег ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст шуда, мураббияи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 ба номи “Ситора”- и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Суханорои Муродбег ғолиби озмун эълон гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври ниҳоии озмун 5 довталаб аз муассисаҳои томактабӣ — Фирӯза Ғаюрова аз шаҳри Душанбе, Дилором Ёрова аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Мунира Раҳмонова аз Вилояи Мухтори Кӯхҳистони Бадахшон, Малика Шарипова аз вилояти Суғд ва Суханорои Муродбег аз вилояти Хатлон байни ҳам сабқат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ, нишон додани афзалиятҳои таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эъҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалаташ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз рӯйи шаш шарт — муаррифии фаъолияти омӯзгорӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ- омӯзгорӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Ба панҷ иштирокчии даври ниҳоии озмун дар Рӯзи омӯзгорон Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон






