ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
7 сентябри соли 1994 матни Суруди миллии Тоҷикистон (шеъри Гулназар Келдӣ) қабул гардид.
***
7 сентяби соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми панҷуми байналмилалии тоҷикон ва форсизабонон баргузор гардид.
***
Соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии телеграфии Озарбойҷон (АзерТАҶ) Созишномаи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расониданд.
***
7 сентябри соли 2010 китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи саноатии «Гулоб»- ро ба истифода доданд.
***
Соли 2018 масоили марбут ба таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима гардид.
***
7 сентябри соли 2020 ғолибони даври аввали Озмуни «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ», ки аз 20 ноябри соли 2019 то 5 сентябри соли 2020 идома ёфт, муайян ва мукофотонида шуданд.
***
7 сентябри соли 2022 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона барои мардуми аз офати табиӣ — бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон аз майдони «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе ба роҳ баромад. Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
***
Пас аз танаффуси дусола 7 сентябри соли 2022 қатораи мусофирбар аз Хуҷанд ба самти Волгоград ҳаракат мекунад. Қатора соати 13 ба роҳ баромада, баъди 2,5 шабонарӯз ба Волгоград мерасад. Нархи чиптаҳо, ба гуфтаи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», вобаста ба шароити дохили қатора аз 1,2 ҳазор то 1,3 ҳазор сомониро ташкил дода, қатора дорои 10 вагон буда, барои 614 мусофир пешбинӣ гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то моҳи декабр дар Тоҷикистон таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон» филми мустанад ба навор гирифта мешавад. Ҳамчунин таҳти ҳамин унвон албоми аксҳо таҳия ва нашр мегардад. Дар ин хусус дар банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дарҷ гардидааст.
7 СЕНТЯБР:
Дар Бразилия – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Мозамбик – Рӯзи ғалаба.