«ТАРАННУМИ ВАТАН». 60 нафар иштирокчии фаъоли озмун қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид, ки дар он 60 нафар иштирокчиëни фаъоли озмун бо мукофоту ҷоизаҳои кумита қадрдонӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, дар номинатсияи «Қироати шеър» Рӯъё Усмонӣ соҳиби ҷойи якум, Маҳбуб Нурзода ва Шоираи Дилшод – ҷойи дуюм, инчунин Абдурашид Хуҷамқулов, Суҳробшоҳ Давлатзода ва Ғунчагул Нурализода соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Хондани суруд» Шоҳини Шаҳзод сазовори ҷойи якум, Олими Ҷумъахон – ҷойи дуюм ва Нозанин Мирзоева соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Озмун бо мақсади боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар фарди мамлакат, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» аз рӯи ду номинатсия — қироати шеър ва хондани суруд эълон гардид, ки таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандонро ба ин озмуни адабӣ ҷалб намуд.
Иштирокчиёни озмун дар дилхоҳ гӯшаи табиати Ватан бо телефони ҳамроҳ (ё дигар дастгоҳҳои наворбардорӣ) шеър, тарона ё сурудеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ба унвони рӯзнома ирсол намуданд.
Маводи ирсолнамудаи иштирокчиён танзим гардида, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютюбии рӯзнома ҷой дода шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






