«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар шафати рости дарёи Душанбе ҳашари экологӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Душанбе ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар оғози ҳашари «Тозагии соҳил» иброз гардид, ки кумита баҳри беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла аз ашёи пластикӣ тоза намудани табиат бо ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ҳамкорӣ менамояд.
Ин ҳашари экологӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи чорабиниҳои навбатӣ мебошад.
Имсол бо пешниҳоду иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардидааст. Он ба даъвати сокинони пойтахт ба тозагию озодагӣ ва ба дигарон талқин намудани маърифати экологии шаҳрнишинӣ мусоидат менамояд.
Иштирокдорони ҳашари экологии «Тозагии соҳил» дар тозаю озода намудани муҳити атроф, хусусан соҳили дарёи Душанбе саҳм гузоштанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






