Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 11 медал ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 11 медал ба Ватан баргаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи бокси Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.
Масъулони соҳа парчамбардоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои бадастоварда табрику муборакбод намуда, барояшон дар мусобиқаҳои минбаъда барору зафар таманно карданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд.
Мусобиқа аз 27 август то 10 сентябр баргузор гардида, дар он байни мактаббачаҳо аз Тоҷикистон Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медали тилло шарафёб шуданд. Инчунин Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ба даст оварданд.
Байни наврасон Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат ҳайати мукаммал иборат аз 27 нафарро (14 муштзан байни мактаббачаҳо ва 13 муштзан байни наврасон) равон намуд.
Дар ин чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлат иштирок намуданд.








ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд






