Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 11 медал ба Ватан баргаштанд

Сентябрь 10, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 11 медал ба Ватан баргаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи бокси Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.

Масъулони соҳа парчамбардоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои бадастоварда табрику муборакбод намуда, барояшон дар мусобиқаҳои минбаъда барору зафар таманно карданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд.

Мусобиқа аз 27 август то 10 сентябр баргузор гардида, дар он байни мактаббачаҳо аз Тоҷикистон Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медали тилло шарафёб шуданд. Инчунин Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ба даст оварданд.

Байни наврасон  Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат ҳайати мукаммал иборат аз 27 нафарро (14 муштзан байни мактаббачаҳо ва 13 муштзан байни наврасон) равон намуд.

Дар ин чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлат иштирок намуданд.

Сентябрь 10, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад