Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Ватсап дар байни шаҳрвандон паёмаке паҳн гардидааст, ки гӯё як гурӯҳи ҷиноятӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, худро кормандони мақомоти милитсия муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу васила ба рабудани пулу моли шаҳрвандон машғул мегардидаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба ин ҳолат ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.
Ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






